ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ НАТО ДАР АФҒОНИСТОН БА ҚУВВА ВА МАБЛАҒИ

Август 24, 2009 10:26

                   Кобул, 24 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Қумондонони қисмҳои ҳарбии ИМА ва иттифоқчиёни он дар Афғонистон зимни мулоқот бо намояндаи махсуси президенти ИМА дар Афғонистон Ричард Холбрук изҳор намуданд, ки қисмҳои ҳарбии хориҷӣ дар ин мамлакат ба қувва ва маблағи иловагӣ эҳтиёҷи калон доранд. Аз ҷумла, генерал — майори амрикоӣ Куртис Скапаротти таваҷҷӯҳи Холбрукро ба муташанниҷ гардидани вазъияти вилоятҳои шарқии Афғонистон ҷалб намуд. Вай зикр кард, ки вақтҳои охир нуфузи ҷунбиши «Толибон» дар ин минтақа торафт бештар мегардад. Қайд карда шуд, ки фаъолияти силоҳбадастони дастаи қумондон Ҷалолиддини Ҳаққонӣ дар қисмати шарқии Афғонистон торафт бештар авҷ мегирад.                    Қайд карда шуд, ки вақтҳои охир шумораи зархаридони миллати ӯзбек дар Афғонистон хеле зиёд гардидааст. Онҳо маъмурияти Амрикоро даъват карданд, ки амалиёти қувваҳои мусаллаҳи Покистонро дар мубориза ба муқобили «Толибон» дастгирӣ намояд.                   Айни ҳол вазъияти Афғонистон баъди интихоботи Президент ниҳоят ноором ва муташанниҷ мебошад. Дастаҳои «Толибон» дар арафаи интихобот ва баъди он дар мамлакат силсилаи таркишҳо ба амал оварданд. Аз ҷумла, 15 август силоҳбадастон ба қароргоҳи марказии НАТО дар Кобул ҳамла оварданд.                   То ҳол маълум нест, ки дар интихоботи Президент ғалаба насиби кӣ гардидааст. Бо вуҷуди ин Иттиҳоди Аврупо изҳор намуд, ки интихоботи президенти Афғонистон ғалабаи демократия дар мамлакат мебошад.                   Хабар дода мешавад, ки натиҷаҳои интихобот баъди ду ҳафта маълум хоҳанд гашт.  

Август 24, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад