ЧАРО НАРХИ БАРҚ БАЛАНД ШУД?

Август 6, 2009 11:17

                  Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 июли соли 2009, таҳти №433 дар ҷумҳурӣ аз 1 август нархи нерўи барқ баланд бардошта шуд.                   Бино ба гуфти сардори умури матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, мутобиқи дастури созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷахонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, ки тавсия медиҳанд, бояд то соли 2010 қиммати ҳар киловатт.соат нерўи барқ ба 2,5 сент расонида шавад, нархи истифодаи нерўи барқ барои истеъмолкунандагон, ба ҳисоби миёна, ба қадри 25 фоиз баланд бардошта шуд. Аҳолии кишвар акнун барои истифодаи ҳар киловатт.соат нерўи барқ 7,5 дирам маблағ месупорад. Ин тадбир дар заминаи зина ба зина зиёд намудани нархи барқ дар кишвар ба нархи барқи Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои узви ИДМ баробар намудани нархи барқ аст.                   Ёддовар мешавем, ки нархи барқ дар кишвари мо нисбат ба тамоми кишварҳои ҳамсоя ба маротиб арзон буд ва баъди афзоиши нархи он ҳам ҳанўз арзон боқӣ мемонад. Шояд суоле ба миён ояд, ки созмонҳои байналмилалии асъор чӣ ваколат доранд, ки барои баланд бардоштани нархи нерўи барқ дар кишвари мо дастур медиҳанд? Гап сари он ки дар Тоҷикистон соҳаи барқ ба маблағгузории ин созмонҳо эҳтиёҷи калон доранд ва, дар як вақт, бо нархи арзони нерўи барқ хоҳишмандони маблағгузории соҳаи энергетика хеле кам пайдо мегарданд. Ба ақидаи мутахассиси пешбари соҳаи энергетикаи минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки умумиҷаҳонӣ Рагувир Шарма, ки вазъи энергетикии кишвари моро мавриди омўзиш қарор додааст, бо назардошти вазъи имрўзаи соҳаи гидроэнергетика, ки ба таҷдиду офият хеле ниёз пайдо кардаааст, имрўз дар Тоҷикистон ҳар киловатт.соат нерўи барқ ба ҳисоби миёна бояд камаш 4 сент нарх дошта бошад. Ў ақида дорад, ки зиёд кардани нархи нерўи барқ боиси беҳбудӣ бахшидан ба таъминоти барқ мегардад. Мувофиқи назарпурсие, ки Бонки умумиҷаҳонӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаронидааст, мардум тайёранд барои барқ зиёдтар маблағ сарф намоянд, ба шарте сифати таъминоти он беҳтар гардад. Аммо барои беҳбудӣ бахшидан ба дараҷа ва сифати таъминот маблағ лозим аст! Арзонии тарифи барқ барои вусъати сохтмонҳои азими энергетикӣ низ халалҳо ворид менамояд.                   Мувофиқи талаботи даврони бозаргонӣ нарху навои тамоми маҳсулоти истеъмолӣ баланд рафт, вале нархи барқ ҳанўз ҳам хеле арзон боқӣ мондааст. Агар муқоиса намоем, нисбат ба дигар маҳсулоти ниёзи аввал, масалан орд, руған, ҳатто шамъу гӯгирд, нархи барқ арзон ва суръати афзоишаш пасттар аст. Барои муқоиса, масалан, дар даврони шўравӣ нархи як қуттии гугирд 1 тин ва як киловатт.соат нерўи барқ 4 тин буд. Яъне, бо як киловат.соат нерўи барқ чор дона гугирд харидан мумкин буд. Ҳоло чӣ? Нархи як қуттӣ гугирд 10 дирам ва як киловатт.соат нерўи барқ барои аҳолӣ 7,5 дирам аст. Яъне, бар ивази 1 кВт.соат нерўи барқ як дона гугирд ҳам харидан мумкин нест. Дар муқоиса бо орд бошад, ин рақам боз ҳам калонтар мешавад. Масалан дар даврони шўравӣ як халта орди навъи якум баробари 455 кВт.соат нерўи барқ буд. Ҳозир бошад, як халта орди навъи якум ба 1 500 кВт.соат нерўи барқ баробар аст, гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.                  Дар асл гирем, барқ ҳам барои аҳолӣ ва ҳам хоҷагии халқ маҳсулоти хеле муҳим ба шумор рафта, талабот ба он меафзояд. Аз дигар тараф, агар мо хоҳем, ки дараҷа ва сифати барқ мутобиқи талабот бошад, бояд хароҷоти маҳсулоти истеҳсолнамудаамон, яъне барқ пӯшонида шавад. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани нархи барқ дар Тоҷикистон ба манфиати тамоми ҷомеа аст, яъне акнун лозим меояд, ки барои равнақи ин соҳаи барои ҳамаамон муҳим ва даркорӣ ва ба хотири таъминоти худамон андаке зиёдтар маблағ сарф намоем. Тавре, ки агар орди сафед харидан хоҳем, зиёдтар пул мебарорем. Ин афзоиши нархи барқ, мутмаъинем, ба ҷузъ он қадар таъсире нахоҳад расонд, вале ба кулл манфиат мебахшад.                 Ёддовар мешавем, ки бо назардошти вазъи бӯҳрони умумиҷаҳонии молиявӣ, як марҳилаи баланд кардани нархи барқ, ки бояд моҳи май сурат мегирифт, бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар гардида буд.                 Дар айни замон ягона илоҷи аз ҳад зиёд барои барқ хароҷот нашудани маблағ барои нерўи барқ аз он сарфакорона истифода бурдан аст. Барои муқоиса: агар дар ҳар хонадон тули як сол як лампочка кам истифода гардад, маблағи он 64 сомониву 80 дирамро ташкил медиҳад… Тасаввур намоед, ки як асбоби гармкунанда ё як дастгоҳи нодаркорро кам истифода барем, чӣ қадар мешавад. Ҳол он ки беҳуда хароҷот намудани барқ, ки як сабабаш, арзонии нархи он ҳам ба шумор меравад, дар ҳар хонадон ва дар ҳар корхона хеле зиёд аст.  

Август 6, 2009 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид