ДАР УРУМЧИ АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ПЕШГИРӢ КАРДА ШУД
Урумчи, 4 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.Ру. ). — Мақомоти амниятии Чин дар давоми як шабонарӯзи охир дар шаҳрҳои гуногуни Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур якчанд амалиёти террористиро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Яке аз чунин амалиёти террористӣ дар шаҳри Урумчи пешгирӣ карда шуд, ки ба қарибӣ дар ин ҷо бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайваста буданд. Мақомоти расмии Чин масъулияти амалиёти мазкурро ба зиммаи ҷудоихоҳони Туркистони Шарқӣ мегузоранд. Дар ҷараёни тадбирҳои андешидашуда якчанд нафар бо ҷурми ҳамдастӣ ба бетартибиҳо дастгир карда, аз онҳо аслиҳаи оташфишон, моддаҳои тарканда, корд ва адабиёти террористӣ мусодира карда шуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






