ИСТИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛ БО «ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ»

Август 18, 2009 10:44

                  Душанбе,18 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ҷолибу хотирмон таҷлил намудани ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор ба тасвиб расонд.                  Мувофиқи он нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба таҷлили сазовори ин санаи муҳими таърихӣ тасдиқ шуда, вазифаҳои тамоми сохторҳои марбута дар ин самт мушаххас гардид.                    Тибқи нақша дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт ҷамъомади тантанавӣ ва консерти идонаи устодони санъат баргузор мегардад. Ҳамчунин, сайругашти оммавӣ, барномаҳои идонаи фарҳангию консертӣ, намоишҳои ҳунариву эҷодӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо» ва «Кӯли ҷавонон», барномаи идона бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони «800-солагии Москва», консерти ҳунармандон ва дастаҳои эҷодкори пойтахт таҳти унвони « Файзи Истиқлол» дар «Амфитеатр» ташкил карда мешавад. Инчунин, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодиву нонӣ ва таомҳои миллӣ дар мавзеъҳои чорабиниҳои идона дар назар аст.                  Умед аст, ки сокинону меҳмонони пойтахт ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштаву имрӯзи миллат сазовор истиқбол мегиранд.  

Август 18, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд