КВД «ТАЛКО» ДАЪВОИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»-РО ИНКОР КАРД

Август 7, 2009 10:05

                Иттилоияи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (Талко) дар хусуси маълумоте, ки аз ҷониби кормандони ШСХК «Барқи Тоҷик» чиҳати он, ки гўё КВД «Талко» аз ШСХК «Барқи Тоҷик» қарздор бошад, садо додаанд.                 Талко қарзи ҷории худро аз ҳисоби барқи ШСХК «Барқи Тоҷик», ки дар ҷараёни конфронси матбуотии ШСХК « «Барқи Тоҷик» » садо дода, дар як қатор васоити ахбори умуми Тоҷикистон интишор ёфтааст, расман рад менамояд. Шурўъ аз соли 2005 то айни замон, пас аз дигаргунсозии сохторӣ, «Талко» доимо, бекаму кост ба андозаи 100% ҳаққи барқи истифодаи феълиро пардохт менамояд. Аз ҷумла, дар ҳафт моҳи соли равон «Талко» аз ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳеҷ гуна карз надорад.                   Қарзе, ки намояндагони «Барқи Тоҷик» хотирнишон менамоянд, дар муддати аз соли 1996 то соли 2004 ба вуҷуд омада, 96 млн. сомониро ташкил додааст. Бо Қарори махсуси Ҳумҷурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки 50,9 млн. қарз бояд реструктуризатсия шавад ва «Талко» нисбати он масъулият ба дўш надорад. Аз 45.1 млн сомонии бокимонда 6 млн сомони дар муддати солхои 2005 то 2008 ба нафъи ШСХК «Барқи Тоҷик» пардохта шудааст.                    Бояд хотирнишон гардад, ки «Талко» аз ҳисоби маблағҳои худ МБГ Ёвонро пас аз 15 соли бекористии он комилан барқарор намуд. Маркази номбурда ҳоло гармӣ ва энергия истеҳсол менамояд. Айни ҳол МБГ Ёвон ба таври ройгон ба тавозуни «Барқи Тоҷик» гузаронида шудааст.                    Гузашта аз ин дар давоми ду соли охир «Талко» аз Ҷумҳурии Туркманистон мустаҳилона ба маблағи 52 млн. долл. ИМА барқ ворид намуд, ки он на танҳо ба эҳтиёҷоти истеҳсолоти алюминий, балки барои аҳолӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар мавсими тобистон низоми энергетикии Тоҷикистон ба миқдори хеле зиёд барқ истеҳсол менамояд ва бинобар мавҷуд набудани шароити бозори калони фуруши барқ ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ мегардад. «ТАЛКО», сарфи назар аз вазъи буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ , ки бисёр ширкатҳои бузурги алюминӣ фаъоляти худро қатъ ва истеҳсолоти худро маҳдуд менамоянд, ру ба ШСХК «Барқи Тоҷик» оварда, барки зиёдатии онро харидорӣ намуда, ҳамин тариқ миллионҳо сомониро барои бюджети давлат ҳифз менамояд. Бояд хотирнишон сохт, ки ширкатхои алюминии мамолики дигар аз ҷониби давлат дар шакли паст кардани тарифи барқ, имтиёзоти андоз ва аз нав маблағгузорӣ дастгирӣ меёбанд, Талко бошад, бо шароити қаблӣ фаъолияти худро идома медиҳад.                  Мо чунин меҳисобем, ки намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик», коршиносон ва ВАО дар суханронӣ ва арзёбиҳои худ оид ба масъалаи мазкур бояд воқеъбинона, мулоҳизакорона ва дар асоси далелҳои мўътамад ибрози назар намоянд.                                                                                             Хадамоти матбуоти КВД «Талко»

Август 7, 2009 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд