СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ КОРШИНОСОНАШРО БА ТОҶИКИСТОН ФИРИСТОД
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ба қайд гирифтани бемории табларзаи хунин дар ноҳияи Турсунзода таъҷилан хабар дода буд. Созмон дар ҷавоб гурӯҳи коршиносони худро барои расондани кӯмак ва назорати тадбирҳои пешгирикунандаи беморӣ ба Тоҷикистон фиристод. Тавре хабар дода шуда буд, бори аввал яке аз сокинони 50 — солаи деҳаи Зиёратути ноҳияи Турсунзода 18 июл ба ин беморӣ гирифтор шуда, 26 июл вафот кард. Баъдан дар ҳамин ҷо 4 нафар хешу табори шахси вафоткарда ва як нафар корманди тиббӣ ба ҳамин беморӣ мубтало гардиданд. Корманди тиб ва яке аз хешони шахси вафоткарда 5 ва 6 август аз олам гузаштанд. Шахсони дигар дар шифохонаҳо табобат карда шуданд. Айни ҳол 44 нафар бо гумони гирифтор шуданашон ба бемории табларзаи хунин таҳти назорати духтурон қарор доранд. 11 август дар шаҳри Кӯлоб боз як марди 42 солаи бемор ба қайд гирифта шуд. Ҳоло 14 нафар хешу табор ва ҳамсояҳои ӯ таҳти назорати духтурон қарор доранд. Бемории табларзаи хунин бемории гузаранда буда, онро канаҳо паҳн мекунанд. Аломатҳои асосии беморӣ баланд шудани ҳарорати бадан, табларза, дарди мушакҳо, сарчархӣ, дард кардани гардан, муташанниҷ гардидани мушакҳои паси гардан, дарди сар, аз таъсири рӯшноӣ ба ҳарос афтодани бемор ва ғайра мебошанд. Агар беморон сари вақт ба духтур муроҷиат накунанд, ба онҳо хавфи марг таҳдид менамояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






