БА КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ СЕРТИФИКАТ ДОДА ШУД
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- 12 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Усулҳои имрӯзаи тафтиш ва ҷустуҷӯ» семинар анҷом ёфт. Семинар ҳамроҳи кормандони хадамоти федералии политсияи Олмон гузаронида шуд. Семинари мазкур аз 7 то 11 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии комиссари олии хадамоти федералии Олмон Франк Хоппенхайт гузашт.Ба иштирокчиёни семинар дар бораи тадбирҳои тактикӣ ва таъҷилии мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва гузаронидани амалиёти муштараки мақомоти гуногуни муҳофизи қонун маълумот дода шуд. Дар семинар 24 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи амнияти миллӣ ва ВКД ҶТ иштирок намуданд. Ба ҳамаи онҳо баъди ба охир расидани семинар сертификат супорида шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






