БЕ&#1202ТАРИН ОЛИМОНИ ТО&#1206ИК СО&#1202ИБИ &#1206ОИЗА&#1202ОИ БА НОМИ А. СИНО МЕГАРДАД

Сентябрь 1, 2009 16:28

                Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшокулова). –Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 августи соли ҷорӣ баргузор гашт, Қарори Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибн Сино дар соҳаи илм ва техника доир ба супурдани ҷоизаҳо дар соли 2009 тасдиқ карда шуд. Мутобиқи он ҷоизаҳои ба номи Абӯалӣ ибн Сино дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника ба Улмас Мирсаидов ва дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ ба Муҳаммадҷон Шакурӣ супурда мешаванд.                  Ҳукумати ҷумҳурӣ Улмас Мирсаидов ва Муҳаммадҷон Шакуриро барои саҳми бузургашон дар рушди илму фарҳанги тоҷик бо ин ҷоизаҳои олӣ қадрдонӣ намуд.                 Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки бисёр ифтихор менамояд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ӯро бо ҷоизаи ба номи чунин як шахсияти бузург сарфароз гардониданд                  Бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои истиқлолият академик Муҳаммадҷон Шакурӣ 15 асари илмӣ таълиф намудааст. Ду китоби дигари ӯ омодаи чоп мебошанд. Умуман ба қалами Муҳаммадҷон Шакурӣ қариб 50 китоб тааллуқ доранд. Ба комиссия оид ба супоридани ҷоизаҳои давлатӣ беҳтарин асарҳои академик «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи XX», «Равшангари бузург» ва «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» пешниҳод карда шуданд..               Ҷоизаҳои мазкур дар арафаи ҷашни истиқлолиятӣ давлатӣ супорида мешаванд.

Сентябрь 1, 2009 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид