БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ СИЛ БА КОР ОҒОЗ КАРД
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи сипаришуда беморхонаи бачагонаи касалиҳои сил баъди тармим ва таҷдид аз нав ба кор оғоз кард. Чуноне, ки аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, таъмири беморхона аз ҳисоби барномаи рушди СММ дар асоси барномаи грантии Фонди Глобалӣ тармиму таҷдид гардид. Барои азнавсозӣ ва таъмини он бо таҷҳизот 160 ҳазор доллар масраф шуд. Беморхона асосан барои 50 кат пешбинӣ гардидааст. Роҳбарияти беморхона тамоми дорувории заруриро барои табобати бачагони ба бемории сил гирифтор харидорӣ намуд. Аввалиин беморон баъди азнавсозии касалхона барои табобат қабул карда шуданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






