Э. РА&#1202МОН ДАР МАРОСИМИ МАВРИДИ ИСТИФОДА &#1178АРОР ГИРИФТАНИ БЕМОРИСТОНИ А. СИНО ИШТИРОК НАМУД

Сентябрь 7, 2009 08:42

               06 уми сентябри соли 2009 баъд аз анҷоми сафари пурмаҳсул аз давлати Хорватия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бемористони Абуалӣ Ибни Сино воқеъ дар кӯчаи Фоттеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе иштирок намуд.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти ин маркази хусусии тиббӣ, ки тавассути сармояи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон бунёд ёфтааст, асос гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш сипас аз утоқу озмоишгоҳҳои ин бемористони муосир боздид ба амал оварданд.                  Бояд гуфт, ки ин беморхона аз ҷониби ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Дили солим" бунёд ёфта, барои бунёди он 35 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Он дар бинои 9-ошёна ҷойгир буда, дар 7-қабати он 105 кат ҷойгир шуда, муосиртарин шароитҳои муолиҷаву ташхис дар он насб гардидааст. Бемористон дорои шӯъбаҳои ҷарроҳии дил, гурда, озмоишгоҳи муҷҷаҳаз бо дастгоҳу васоили пешрафтаи ҷаҳонӣ, дармонгоҳ бо дастгоҳҳои навтарини ангиографӣ ва сангшикан мебошад. Лозим ба таъкиди хос аст, ки бемористони Абӯали ибни Сино дар Осиёӣ Марказӣ назир надошта, барои фаъолият дар он ҷарроҳони машҳур аз давлатҳои Эрон ва Олмон ҷалб гардиданд, ки онҳо ҳама гуна ҷарроҳии вобаста ба дилро метавонанд дар мамлакат анҷом диҳанд.                 Ин амр бешубҳа имкон медиҳад, ки шаҳрвандони гирифтори бемориҳои дил бо масрафоти миёншикан барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар нарафта дар ватани худ ба таври матлуб ва замонавӣ дармон шаванд.                 Ҳамзамон ин марказ ташхису табобати ниёзмандонро аз давлатҳои ҳамсоя дар назар дорад. Ба андешаи таҳлилгарон бо мавриди истифода қарор гирифтани бемористони Абӯалӣ ибни Сино заминаҳои рушди тиббӣ хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад. Муассисони ин маркази тиббӣ мегӯянд, ки нархи дармон дар бемористон қобили рақобат буда, илова ба он барои шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 дар сад арзиши табобат арзонтар ба нақша гирифта шудааст.                  Бояд гуфт, ки дар ин муассиса бештар аз 250 нафар мутахассисон фаъолият хоҳанд намуд, ки 70-фоизи онро мутахассисони маҳаллӣ ташкил хоҳад дод. Баъд аз боздиди уттоқу ҳуҷраҳои ташхису табобат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон изҳори минатдорӣ намуда, ин ташаббусро намунаи ибрат хонд.                  Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони соҳаи тандурустии мамлакат суханронӣ намуда, аз дастовардҳои имрӯзаи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла рушди мунтазами тибби хусусӣ дар мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сентябрь 7, 2009 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад