ИШТИРОКИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ ДАР ЛОИҲАҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 11, 2009 11:36

                Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – Оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ҷиҳати иштирок дар 18-умин Намоишгоҳи иқтисодӣ ва савдои беруна ва Форуми иқтисодӣ дар шаҳри Урумчии СУАР-и Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт.                Дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Шариф Саид натиҷаҳои сафараш ва мулоқотҳояш дар Ҷумҳурии Мардумии Чинро шарҳ дода, зикр намуд, ки зимни мулоқот бо роҳбари Ширкати чинии «Хуанэн» Ли Хинмин ва ҷонишинҳояш масъалаҳои ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, сохтмони нерӯгоҳҳо ва амсоли инҳо муҳокима гардиданд.               Бояд гуфт, ки Ширкати «Хуанэн» яке аз ширкатҳои калонтарини давлатии соҳаи барқ буда, дар байни панҷ ширкати барқии бонуфузи Чин дар ҷои аввал мебошад. Ширкат ба сохтмони объектҳои гуногуни барқӣ аз ҷумла, нурӯгоҳҳои обии барқӣ, нерӯгоҳҳои бодии барқӣ, нерӯгоҳҳои гармии барқӣ машғул буда, дар ин самт таҷриба ва имкониятҳои бой дорад. Дар ширкати мазкур зиёда аз 114 ҳазор коргар кор мекунанд.              «Ҳангоми мулоқот, ман ҷаноби Ли Химинро бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика шинос намудам. Роҳбари ширкат дар анҷоми мулоқот изҳор намуд, ки барои 100 фоиз сармоягузорӣ намудани сохтмони нерӯгоҳи бузурги барқӣ дар Тоҷикистон омода мебошад ва тайёр ҳастанд, ки бо ҳамаи масъалҳои ба ҳамкорӣ дахлдошта аз наздик шинос шаванд. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисон барои озмоиши лоиҳаҳо то охири моҳӣ сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон меоянд», — тазаккур дод Ш. Саид.                Инчунин, дар доираи ин сафар бо роҳбари Ширкати энергетикии барқии «Годянь» мулоқот доштем. Ширкати мазкур ба қатори панҷ ширкати бонуфузи энергетикии Ҷумҳурии Мардумии Чин дохил шуда, теъдоди умумии кормандонаш зиёда аз 110 ҳазор нафар мебошанд. Базаҳои истеъмолии барқии ин ширкат дар 29 минтақаи Чин ҷойгир шуда, то июни соли 2009 қудрати умумии онҳо 74900 MW –ро ташкил медиҳад.               Ш. Саид зикр намуд, ки дар мулоқот ба намояндагони ширкати мазкур оид ба потенсиали мавҷудбудаи гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар ин самт маълумот дода шуд. Роҳбари ширкат ба самти ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, пешниҳод кард, ки дар сармоягузорӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқии зиёда аз 200 MW иштирок намоянд. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисон барои озмоиши лоиҳаҳо то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон меоянд.                Гуфтанист, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2008  1 миллиарду 250 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. 

Сентябрь 11, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст