КИТОБИ ИМОМИ АЪЗАМ БО ЗАБОНИ ҚИРҒИЗӢ ТАРҶУМА ШУД

Сентябрь 10, 2009 09:26

               Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон рисолаи Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибн Собит, маъруф бо номи Имоми Аъзам, таҳти унвони «Китоб-ал-Муснад» ба чоп расид.                Депутати парламенти Қирғизистон Алишер Собиров, ки мақоми раҳбарии лоиҳаи нашри ин рисоларо бар дӯш дорад, дар маросими муаррифии он иброз намуданд, ки интишори «Китоб-ал-Муснад» бори аввал дар Қирғизистон ба забони қирғизӣ ба табъ расидааст. Ҳадаф аз чопи ин рисола шинос намудани мардуми қирғиз бо ҳадисҳои Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибн Собит аст, ки ба номи Имоми Аъзам шинохта шудааст. Ба гуфти Алишер Собиров, дар табъу нашри рисола Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ саҳм гирифт.               Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон, Асомиддин Саидов, нашри рисолаи «Китоб-ал Муснад»-и Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибни Собитро як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ мешуморад. Ба забони қирғизӣ нашр шудани ин рисола ба ҳодисаи соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудани соли 2009 рост омад, ки қобили таҳсин аст.               Дар варақи аввали рисола фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дарҷ ёфтааст, ки перомуни соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани соли 2009 содир карда буд.Ҳамчунин аз мутолиаи рисола бармеояд, ки зимни ба нашр омода кардани он тарҷумаи қирғизии китоби муқаддаси «Қуръони Карим» мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Ин тарҷума ба қалами шайх Алоуддин Абумансур тааллуқ дорад.               Рисолаи «Китоб»ал-Муснад»-ро нашриёти «Из Басма»-и шаҳри Бишкек мунташир сохтааст. Ёдовар мешавем, ки дар ин нашриёт чанде пеш тарҷумаи тоҷикии китоби «Қуръони Карим» ба теъдоди даҳ ҳазор нусха чоп шуда буд. Аз ин теъдод 3 ҳазор нусха китоби «Қуръони Карим» ба минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон равона шуда ва 7 ҳазор нусхаи он ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Сентябрь 10, 2009 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид