МУҲОҶИРОНИ БЕБОЗГАШТ МЕАФЗОЯНД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти шӯъбаҳои шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар моҳҳои январ – июли соли 2009 нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 муҳоҷирони бебозгашти дохилӣ ва хориҷӣ дар ҷумҳурӣ афзудааст. Тибқи маълумоти ҳамин мнбаъ, шумораи умумии муҳоҷирон — (шумораи аҳолии кӯчидаомада ва ҷамъи аҳолии кӯчидарафта) дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 30, 2 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 7, 2 фоиз зиёд мебошад. Аҳолии аз дигар маҳал ва давлатҳо ба Тоҷикистон кӯчидаомада 11,8 ҳазор нафар ва аҳолии аз Тоҷикистон кӯчидарафта бошад дар ин муддат 18,4 ҳазор нафарро ташкил додаст, ки нисбат ба 7 моҳи соли 2008 аҳолии кӯчидаомада 8,3 ва аҳолии кӯчидарафта 6, 5 фоиз зиёд шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






