МУКОФОТ БА РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Сентябрь 19, 2009 12:07

                 Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ордени Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил «Барои хизматҳои бузург» мукофотонида шуд.                  Хабар дода мешавад, ки раиси Шӯрои марказии Созмони мусоидавт ба мудофиаи ИДМ Юрий Камешанов 16 сентябр дар ин бора фармон имзо кард.                   Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки Қоҳир Расулзода барои хизматҳои калонаш дар вусъати фаъолияти Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаи вилоят ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ сазовори чунин мукофот гардид. Ордени «Барои хизматҳои бузург» мукофоти олии Шӯрои Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаи ИДМ мебошад.

Сентябрь 19, 2009 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд