МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР БРЮССЕЛ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 15 сентябр дар Брюссел мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок дошт. Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақа, энергетика, истифодаи оқилонаи об, ҳифзи муҳити зист ва таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро ба иқтисодиёти мамлакатҳояшон муҳокима намуданд. Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи масъалаҳои асосии таъмини амнияти минтақа сухан ронда, нақши муҳими Тоҷикистонро дар амалӣ сохтани тадбирҳои байналмилалӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон таъкид намуд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ пеш аз ҳама таъмини амнияти минтақаро омили асосӣ мешуморад. Сипас вазирони корҳои хориҷӣ зимни маҳфилҳои алоҳида дар масъалаи «Обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ» машварат гузарониданд. Қайд карда шуд, ки барои ҳалли ин масъалаҳо вусъат додани ҳамкории минтақавӣ дар бобати истифодаи муштараки захираҳои обу энергетика ва пешрафти соҳаи гидроэнергетика зарур мебошад. Намояндагони Комиссияи Аврупо изҳор карданд, ки дар амалӣ сохтани барномаҳои гидроэнергетикии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ саҳм гузошта метавонанд. Дар фарҷоми мулоқот барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ ба намояндагии Шветсия барои ташкили мулоқот изҳори сипос намуда, зарурати рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро таъкид кард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






