ОБЁРИКУНИИ ЗАМИНҲОИ ДАНҒАРА ИДОМА ДОРАД

Сентябрь 1, 2009 16:25

               Қӯрғонтеппа, 1 сентябр. (АМИТ "Ховар", Мурод Сотиев). — Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон марҳилаи дуюми обёрии заминҳо оғоз ёфт.                Дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ роҳбарияти ноҳия ва намояндагони Вазорати мелиоратcия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар баромади худ раиси ноҳия Маҳмадулло Сайдалиев қайд кард, ки оғози лоиҳа оғози корҳои бузург дар доираи ободонӣ ва гулгулшукуфии кишвар мебошад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар марҳилаи қаблии лоиҳа 2,5 ҳазор гектар заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти "Лолазор" аз худ карда, обёрӣ шуданд. Лоиҳаи зерин имкон медиҳад, ки 1750 гектар заминҳои ташналаби Данғара аз худ карда шаванд.Иҷрои корҳои сохтмонӣ ба Ширкати туркии "Кумрулар иншаат" вогузошта шудааст. Чуноне зимни сӯҳбат роҳбарияти корҳои сохтмонӣ иброз дошт, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 30,48 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад, ки дар он саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд ва фонди Кувайт калон мебошад.               Дар марҳилаи дуюми лоиҳа дар назар аст, ки иншоотҳои гидротехники-дюкер ва обпартоҳои садамавӣ аз қубурҳои калонҳаҷми оҳанини 4980 миллиметра сохта шаванд. Дарозии каналҳо 36 километр буда, аз ин 4,3 километраш қубурҳои оҳанин мебошанд. Ҳамзамон дар назар аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур селпартоҳо, кӯпрукҳо ва бошишгоҳҳои саҳроӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.Тибқи маълумоти роҳбарияти сохтмон дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ дар мӯҳлати 2 сол ба анҷом расида, як соли дигар мӯҳлати иловагӣ барои нигоҳубин ва бартараф намудани камбудиҳои дар рафти истифодабарии заминҳои навкорам пайдо шуда ҷудо карда мешавад.               Баъди пурра ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ 2265 нафар деҳқонон бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд ва боз миқдори зиёди шаҳрвандон бо ҷои кори мавсимӣ таъмин мегарданд.

Сентябрь 1, 2009 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд