ПРЕЗИДЕНТИ МОЛДАВИЯ БА ИСТЕЪФО РАФТ
Кишинёв, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). – Мақоми олии ҳокимияти давлатии Молдавия 11 сентябр раиси парлумон Михай Гимпуро иҷрокунандаи вазифаи президенти мамлакат таъин намуд. Мақоми мазкур қабл аз ин аризаи президенти мамлакат Владимир Воронинро мавриди баррасӣ қарор дод. Аризаи президентро М.Гимпу дар ҳузури вакилони мардуми қироат кард. Владимир Воронин вакили парлумони Молдавия мебошад. Вай рӯзи қироати аризааш ба маҷлиси парлумон ҳозир нашуд. Хабар дода мешавад, ки В.Воронин рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта аризаи истеъфои худро ба котиботи парлумон супорид. Истеъфои В.Воронин ба он вобаста мебошад, ки вакили парлумон ҳамзамон дар вазифаи дигар кор карда наметавонад. Инчунин сарвазири Молдавия, ду муовини ӯ ва се вазир аризаи истеъфо пешниҳод намуданд. Ҳизби коммунистон, ки дар давоми 8 соли охир дар сари ҳокимият қарор дошт, ба сафи мухолифини ҳукумати Молдавия дохил шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






