РӮЗИ ФАРОМӮШНОПАЗИР

Сентябрь 1, 2009 11:22

                 Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз, 1 сентябр ба оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон расо 70 сол пур шуд. Тавре ки аз таърих маълум аст Ҷанги дуюми ҷаҳон 1 сентябри соли 1939 бо ҳуҷуми қисмҳои ҳарбии Олмони фашистӣ ба Лаҳистон шурӯъ гардида буд.                 Фашистон ба Лаҳистон соати 4 — у 40 дақиқаи субҳ зада даромаданд. Ҳамон рӯз ҳавопаймоҳои низомии фашистӣ шаҳри Велюни Лаҳистонро ба хок яксон карданд. Аз ҳамон рӯз дар таърихи инсоният ҷанги мудҳиштарин ва харобиовартарин оғоз ёфт.                 Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон умуман 70 давлат иштирок дошт, амалиёти ҷангӣ дар қаламрави мамлакатҳои Аврупо, Русия, Осиё, Африқо ва паҳнои доманадори баҳру уқёнусҳо идома дошт.                 Иштирокчиёни асосии ҷанг Олмони фашистӣ ва ИҶШС буданд, ки ба муқобили ҳамдигар мубориза мебурданд. Баъдан ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса ба ҷанг шарик шуданд.               Солҳои ҷанг аз рӯи ҳисобҳои гуногун аз 50 то 70 миллион нафар ҳалок шуд, аз ин ҷумла 27 миллион нафар дар муборибаҳои ҷанг кушта шудааст. Иттиҳоди Шӯравӣ, Чин, Олмон, Ҷопон ва Лаҳистон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар талафот доданд. Талафоти Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба мамлакатҳои дигар хеле зиёд буд. Дар ҷанги дуюми ҷаҳон танҳо аз ИҶШС 27 миллион нафар қурбон гардид.              Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният навъу намудҳои нави аслиҳаи қатли омм, лагерҳои консентратсионӣ ва идеологияи фашистиро ба миён овард. Идеологияи фашистӣ дар мурофиаи Нюрнберг идеологияи ҷинояткорона номида, қатъан маҳкум ва манъ карда шуд.               Ҷанги дуюми ҷаҳон шаш сол давом кард ва 2 сентябри 1945 бо таслим шудани Ҷопон ба охир расид.              Ҷанг на танҳо ба барқароршавии табиии аҳолии тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, балки сохти давлатии мамлакатҳои ҷаҳон, муҳоҷирати одамон ва муносибати давлатҳо таъсири бузург расонд. Инчунин таркиби аҳолии тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо таъсири Ҷанги дуюми ҷаҳон комилан тағйир ёфт. Дар баъзе мамлакатҳо шумораи занон нисбат ба мардон хеле зиёд гардида, миқдори таваллуд кам ва миқдори вафоти одамон бештар гардид. Таъсири оқибатҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба мамлакатҳои Осиё ва Аврупо имрӯз ҳам давом дорад.

Сентябрь 1, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад