РУСИЯ ҚАРЗИ ФБА –РО БА ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ БАХШИД
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба хабари агентии иттилоотии Русия, Маскав чун давлати донор қарзи аз Фонди Байналмилалии Асъор ҷудошударо, ки баробари 884 млрд. рубли Русия мебошад, барои дастгирии молиявии ИДМ бахшид. -Давлати Русия алҳол бӯҳрони сахти молиявиро эҳсос намекунад, — иброз доштааст Владимир Путин. Мавсуф ба вазири молияи ФР Алексей Кудрин супориш додааст, ки гуфтушунидро бо Фонди Байналмилалии Асъор оид ба дастгирии молиявии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом диҳад. Боис ба ёдоварист, ки ҳоло ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Русия, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбоиҷон, Молдова ва Ӯзбекистон дохил мешаванд. Гурҷистон моҳи августи соли ҷорӣ аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пурра хориҷ гашт.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






