ШИРКАТИ «МАРҶОНА» КОРҲОИ СОХТМОНИРО ИДОМА МЕДИҲАД
Кӯлоб, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Ширкати сохтмонии хусусии истеҳсолӣ ва тиҷоратии «Марҷона» корҳои сохтмониро дар иншооти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи дар шаҳри Кӯлоб буда, ба маблағи 400 000 сомонӣ идома дода истодааст, гуфт сардори ширкат Файзалӣ Алиев ва афзуд, ки айни ҳол сохтмончиён корҳои бетонрезии таҳкурсиро ба итмом расонида дар он маблағи 300 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ ҷамъи маблағи умумӣ дар иншоот 7 миллион сомониро дар бар гирифта, маблағ аз тарафи Агентии суғурта ва нафақаи ҶТ ҷудо гардида, сари вақт дастрас мегардад. Айни ҳол 15 нафар сохтмончиён корҳои сохтмониро идома дода истодаанд. Гуфта мешавад, ки ширкати мазкур корҳои сохтмониро дар ду дидбонгоҳ, роҳи пиёдагарди Сомонӣ, хати оби нӯшокии кӯчаҳои С. Вализода, Сино ва Ҷомӣ низ идома дода истода, нақша доранд то охири моҳи сентябр ба итмом расонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






