СОЛИ 2010 СОЛИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ ЭЪЛОН ШУД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябр дар рӯзи Дониш дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорат бо роҳбарону намояндагони ҳамаи мактабҳои олии мамлакат дарси нахустин гузаронд. Сарвари давлат зикр намуд, ки солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон ба беҳтар сохтани вазъияти соҳаи маориф, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии он, беҳтар намудани шароити таҳсил дар мактабҳо, сохтан ва тармим кардани мактабҳо ва хобгоҳҳо диққати бештар зоҳир менамояд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ба соҳаи маориф ҳар сол бештар маблағ ҷудо карда мешавад. Соли 2009 барои таъмини эҳтиҷоти соҳаи маориф 780 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Баъди соли 1996 дар соҳа 13 барномаи сармоягузорӣ ба маблағи 530 миллион сомонӣ иҷро шуд. Аз ҷумла, аз соли 1998 то соли равон дар мамлакат ба маблағи қариб 180 миллион сомонӣ 500 муассисаи таълимӣ сохта ва барқарор гардид. Сардори давлат пешниҳод кард, ки филиалҳои Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи технологии шаҳри Хуҷанд ба Донишкадаи политехникӣ ва Муассисаи маърифатии Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва шӯъбаи Донишкадаи иқтисодиёт ба Донишкадаи иқтисод ва тиҷорат табдил дода шаванд. Вай ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли 2010 бо мақсади рушди бештари соҳаи маориф, ташвиқу тарғиби илмҳои дақиқ ва вусъат бахшидани донишҳои техникӣ ва маърифати оммавӣ соли маърифат ва фарҳанги техникӣ эълон карда шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






