АРҶГУЗОРИИ ОЛИМОНИ ИСЛОМ БА ИҚДОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 5, 2009 15:29

                Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Симпозиуми имрӯза, дар доираи Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, баргузор шуда, иқдоми бузург дар олами Ислом мебошад, зеро бори аввал чунин ёдбуди як шахсияти исломӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад», — гуфт дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иштирокчии Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо», намояндаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Латифи Раҳмонӣ.                 Ӯ афзуд, ки мардуми мусулмони Ҳиндустон, бахусус онҳое, ки дар мазҳаби ҳанафия ҳастанд, иқдоми Сарвари Тоҷикистон, яъне эълон гаштани соли 2009 — Соли бузургдошти Имоми Аъзамро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, мӯътақид бар онанд, ки иқдоми мазкур дар баҳам овардани ҷомеаи Ислом ва тарғибу ташвиқи фиқҳи ҳанафия мусоид мебошад.                   Роҳбари собиқи давлати Афғонистон, Раиси Палатаи болоии Парлумони ин кишвар Сибғатулло Муҷаддидӣ иқдоми Президенти Тоҷикистонро боиси таҳсин хонда, зикр намуд, ки ташаббуси Тоҷикистон нишон дод, ки арҷ гузоштан ба дини мубини Ислом ва пайравӣ намудан ба шахсиятҳои маъруфи он танҳо ба кишварҳои исломӣ мутааллиқ набуда, нуфузи Ислом дар арсаи байналмилалӣ сол то сол боло меравад. Ҷашн гирифтани бузургдошти олими барҷастаи Ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит далели ин андешаҳост.                   «Махсус таъқид бояд кард, ки дар баробари ақли зираку фаҳмиши амиқ доштан, Имоми Аъзам дорои рӯҳи қавӣ низ будаанд. Дар як шабонарӯз як маротиба ва дар давоми Моҳи шарифи Рамазон 62 маротиба Қуръонро хатм намудани эшон гувоҳи қувваи бузурги рӯҳонии Имом мебошад», — идома дод Сибғатулло Муҷаддидӣ.                   Мушовири Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба умури аҳли суннат Муҳаммад Исҳоқи Маданӣ ташаббуси Тоҷикистонро оид ба бузургдошти олиму фақеҳи барҷастаи Ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит арзандаи таҳсину қадрдонӣ номида, гуфт, ки сабаби аслии аз ним зиёди мусулмонони ҷаҳон дар мазҳаби ҳанафӣ будан – ба тақво арҷ гузоштани ин мазҳаб мебошад, зеро худи Имоми Аъзам дар ин самт ба худогоҳӣ ва худошиносии комил расида буд. «Аз ин нуқтаи назар, ташаббуси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ, алалхусус дар ҷаҳони Ислом боло бурда, собит месозад, ки дини мубини Ислом дорои ифродгароӣ, тафриқаангезӣ ва хушунату низоъ набуда, балки сулҳу субот, баробарию таҳаммулпазирӣ ва покиву шавқат аз рукнҳои асосии он мебошанд», — тазаккур дод Муҳаммад Исҳоқи Маданӣ. 

Октябрь 5, 2009 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад