БА МАНБАИ ДАРОМАД ТАБДИЛ ЁФТАНИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ баъди Русия миёни ИДМ ҷои дуюмро ишғол мекунад. Дар сурати самаранок мавриди истифодаи барқчиёни тоҷик қарор гирифтани дарёҳои хурду бузурги ҷумҳурӣ, Тоҷикистон имкони 700 млрд. кВт соат истеҳсол кардани барқро пайдо мекунад. Ин миқдор барқ натанҳо давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дигар давлатҳои хориҷро низ бо барқи арзон таъмин карда метавонад. Бар замми ин, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ аз ҷӣҳати экологӣ нисбат ба марказҳои барқии истеҳсоли гармӣ, ки дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон сохта шудаанд безараранд. — Барномаи давлатии сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, ки тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудаанд, ин ҳаққи бебаҳси истифода бурдан аз захираҳои обии кишвар мебошад,- мегӯяд ҳуқуқшиноси шинохтаи кишвар Ашӯрбой Имомов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






