ДАР ДАНҒАРА МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ СӮХТ
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 11 октябр дар кӯчаи марказии шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара дар хонаи истиқоматии Идимо Ҷалиловаи 53 сола сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, дар натиҷа алангаи оташ дар масоҳати 200 метри мураббаъ болопӯши хона ва молу амволи хонаро сӯхта нобуд гардонид. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ зарари тахминӣ 50 ҳазор сомонӣ буда, молу амволи аз сӯхтор наҷотдода шуда 70 ҳазор сомонӣ аст. Сабаб ва гунаҳкор муайян карда мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






