ФАБРИКАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ЭҲЁ МЕЁБАД
Мӯъминобод, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Фабрикаи паррандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Якарчаи ноҳияи Мӯьминобод дубора эҳё гардида, саршумори мурғро аз 80 то 240 ҳазор сар расонид,- гуфт ҷонишини директори корхона Давлат Юсуфов ва афзуд, ки айни ҳол сохтмони фабрика 80% иҷро шуда, дар он маблағи 1 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ мувофиқи нақша дар фабрика бояд 80 ҳазор чӯҷа дар як баст истеҳсол гардида, дар 8 цех парвариш ёбад. Таҷҳизоти лозима аз тарафи ширкати «Мозандарон»- и Эрон таъмин гардид. Барои сохтмони он аз тарафи ширкати мазкур маблағгузорӣ мегардад. Корхона то соли нави 2010 ба фаъолият шурӯь карда, беш аз 60 нафар коргаронро метавонад ба ҷои кори нав таъмин намояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






