РУШДУ НУМӮИ СОҲАИ МЕЛИОРАТСИЯ ДАР БАДАХШОН

Октябрь 8, 2009 13:35

                 Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2009 Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар — Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳа, корҳои назаррас анҷом дода шуданд.                 Соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар ноҳияи Дарвоз 35 ҷӯю каналҳо аз таъмир бароварда шуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, барои амалӣ шудани барномаи «СИДА» барои ба истифода додани каналҳои Курговад ва Кеврони ноҳияи Дарвоз аз тарафи Раёсати мелиоратсияи вилоят ба маблағи 6,5 ҳазор сомонӣ маводи сохтмонӣ барои таъмиру ба истифодадиҳии каналҳои мазкур дастрас карда шуд. Раёсати мазкур, барои азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Дашти Лич 170 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Маблағи мазкур аз тарафи пудратчӣ — идораи сохтмони «Дарвоз» пурра аз худ карда шуд.               — Бо ҷудо намудани маблағи иловагӣ, Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби Бадахшон тайёр аст 50 гектар заминро то рӯзи ҷашни «Ваҳдати миллӣ», ки соли 2010 дар Бадахшон доир мегардад, мавриди истифода қарор диҳад,- иброз дошт сардори раёсати мазкур Баҳодур Сулаймонов ба мухбири АМИТ «Ховар».  

Октябрь 8, 2009 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд