СОХТМОНИ БЕМОРХОНА ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ

Октябрь 17, 2009 10:39

                  Нуробод, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод қисмати якуми беморхонаи дуошёнаи ҳозиразамон барои сад нафар сохта ба истифода дода мешавад. Дар дохили беморхона дармонгоҳ мавҷуд буда, он метавонад дар як рӯз қариб 150 нафар беморонро қабул намояд.                   Беморхона инчунин дорои шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, касалиҳои даруна, бемориҳои кӯдакона ва касалиҳои занонаю сироятӣ буда, аз тарафи ҶДММ «Комрон», ки роҳбараш Амин Ҷабборов мебошад бо маблағи 3 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар бунёди ин беморхона саҳми бригадаҳои сохтмонии Эркин Исматов ва Маҳмадалӣ Атоев назаррас аст.

Октябрь 17, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд