Э. РАҲМОН АЗ ҶАЯЛАТ ВИРАККОДУ ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД

Ноябрь 24, 2009 10:53

                  23-юми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Шри Ланка дар Тоҷикистон Ҷаялат Вираккоду эътимоднома қабул намуд.                    Зимни сӯҳбати Сарвари давлат бо сафири нав Ҷаялат Вираккоду масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Шри Ланка баррасӣ шуд.                  «Густариш ва таҳкими равобит бо кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ самти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва ба кишвари дӯсти Шри-Ланка мо таваҷҷӯҳи хос дорем», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон .                   Густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва ғайра дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид. Барпо намудани равобити муназзами сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва вазорату идораҳо ва омода кардани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои дуҷониба зарур ва саривақтӣ шумурда шуд.

Ноябрь 24, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад