ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД

Ноябрь 25, 2009 10:22

                  Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих) – Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди бемории СПИД ва роҳҳои пешгирии он дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустии мамлакат бо иштироки ВАО — и электронӣ барои беҳтарин мақола, гузориш ва дигар матлабҳои муаллифӣ дар мавзӯи мубориза бар зидди бемории СПИД ва роҳҳои пешгирии он, ки ба воситаи сомонаҳои интернетӣ, барномаҳои радиоӣ ва намоишҳои телевизионӣ пахш мешаванд, озмун эълон мекунад.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, интихоби ҳаҷм ва жанри матлабҳои озмун озод буда, натиҷаи он 1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории СПИД ҷамбаст мегардад. Ғолибонро тӯҳфаҳои пулӣ интизор аст.                      Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории СПИД ҳамасола 1 декабр қайд карда мешавад. Бори аввал ин Рӯз 1 декабри соли 1988 пас аз мулоқоти вазирони тандурустии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бо мақсади табодули таҷриба ва ахбор оид ба ин бемории хавфнок қайд карда шуд. Мувофиқи баҳогузории коршиносон бемории СПИД яке аз бузуртарин ҳодисаҳои асри 20 ба ҳисоб рафта, онро аз ҷиҳати шумораи фавтидагон ва зарари маънавӣ дар як қатор бо ҳар ду ҷанги ҷаҳонӣ гузоштаанд. 

Ноябрь 25, 2009 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид