ҚОЧОҚЧИИ АФҒОН ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Хатлон як далели гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ба қайд гирифта шуд. Дар ҳудуди деҳаи Марғузори ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷумъагул Валади Тарабизи 19 сола дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 27 кг маводи навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтишот идома дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






