ХУҶАНДИҲО САҲМИ «РОҒУН»-РО МЕХАРАНД
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷомеаи меҳнатии корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд қатори кулли мардуми шарифи Тоҷикистон Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси саҳмгирӣ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ба суратҳисоби ин иншооти бузургу беназири аср, маблағҳои худро ирсол мекунанд. Аҳли меҳнати Ҷамъияти саҳҳомии «Хуҷандторгмаш» дар маҷлиси умумӣ қарор карданд, ки ба нишони дастгирӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ музди меҳнати якрӯзаи худро ба хазинаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» гузаронанд. Дар баробари ин, ҶДММ «Дӯстӣ-Амирхон», ҶДММ «ММК», ҷамъиятҳои саҳҳомии «САТН», «Зиннат», «Сирандуд», корхонаҳои муштараки «Само», «ВТ Силк» низ тасмим гирифтанд, ки музди меҳнати якрӯзаи кормандони худро ба суратҳисоби сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ирсол намоянд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






