ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ОБХОЗИСТОН
Сухуми, 14 декабр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР-ТАСС). — 13 декабр роҳбари комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Обхозистон Батал Табагуа натиҷаҳои пешакии интихоботи президентро ҷамъбаст намуда, хабар дод, ки Сергей Багапшаи 60 – сола боз президенти ҷумҳурӣ интихоб гардид. Дар интихоботи президент инчунин номзадҳо Раул Хаҷимба, Заур Ардзинба, Беслан Бутба ва Бганба иштирок намуданд. С.Багапша нисбат ба ҳамаи ҳарифони худ бештар овоз гирифт. Хабар дода мешавад, ки дар интихобот 73,4 фоизи ҳамаи интихобкунандагони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Ба қавли роҳбари комиссияи марказии интихобот, дар рӯзи овоздиҳӣ дар саросари ҷумҳурӣ ягон воқеаи ғайричашмдошт рух надодааст. Б.Табагуа зикр намуд, ки натиҷаҳои охирин ва расмии интихобот дар давоми рӯзҳои наздик эълон карда мешавад. Маросими савгандёдкунии С.Багапша мувофиқи қонун бояд дар давоми як моҳи баъди гузаштани интихобот гузаронида шавад.Сергей Василевич Багапша моҳи марти соли 1949 дар шаҳри Сухуми таваллуд шуда, соли 1972 Донишкадаи хоҷагиҳои субтропикии Гурҷистонро хатм кардааст. Вай тӯли солҳои фаъолияти меҳнатиаш дар кумитаҳои ноҳиявию шаҳрии комсомолии Гурҷистон, кумитаҳои ҳизби коммунист, муовини раиси Кумитаи давлатии кишоварзию саноатии Обхозистон, раиси шӯрои ноҳиявии вакилони мардумии Очамчир, муовини аввали раиси Шӯрои вазирони Обхозистон, муовини аввали сарвазири Обхозистон, сарвазири Обхозистон ва директори генералии Кумитаи давлатии «Черноморэнерго» кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Обхозистон мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






