ҲИЗБҲО БА ЗАНҲО БАРОБАРИРО РАВО НАДОНИСТАНД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар мизи мудавваре, ки ба муносибати пешбарии номзадҳо ба парлумони кишвар дар Маркази комиссияи интихоботӣ доир гардид, ҳайати номзадии занҳо барои иштирок дар интихобот муайян гардид. Бино ба иттилои Раиси комиссияи интихобот М. Болтуев, аз 127 нафар номзадҳои ба интихоботи парлумоӣ дар соли 2010 – (28 феврал) пешбарӣ гардида 19 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. — Аз ҳисоби 8 ҳизби сиёсии кишвар пешбарӣ карда шудани 19 нафар занҳо барои демократикунонии ҷомеаи навин хеле ночиз аст,- иброз дошт коршиноси сиёсӣ, профессор Иброҳим Усмонов. Ба гуфти олим, пешниҳоди занҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ҷуз намоиши баробарии гендерӣ чизе беш нест. Ба интихоботи парлумони кишвар аз ҳисоби ҳизби наҳзати ислом 4 нафар ва аз дигар ҳизбҳо 1 ё 2 нафарӣ пешбарӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба шумораи занҳои парлумони амалкунанда 10 нафар зиёд аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






