БАҚИЯИ АНДОЗҲО ВА ПАРДОХТҲО РӮ БА АФЗОИШ?

Январь 26, 2010 16:11

                   Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар соли 2009 нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар 13 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмин карда нашуд. Аз ҷумла дар шаҳри Панҷакент – 83 фоиз, ноҳияҳои Зафаробод – 83,6 фоиз, Мастчоҳ – 89,1 фоиз, Бохтар 93,8 фоиз, Вахш – 92,8 фоиз, Ҷалолиддини Румӣ — 68,6 фоиз, Ҷиликӯл – 84,2 фоиз, Қубодиён – 86,1 фоиз, Панҷ – 80,1 фоиз, Шаҳритуз – 79,7 фоиз, Фархор 96,1 фоиз, Қумсангир – 72,5 фоиз ва Варзоб – 78,3 фоиз иҷро карданд.                      Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бақияи андоз ва пардохтҳо ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 610,8 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба 1 январи соли 2009 ба андозаи 99,9 миллион сомонӣ афзудааст. Маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби андозсупорандагоне, ки дар қайди нозироти андози андозсупорандагони калон мебошанд, ба андозаи 75,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон – 12,3 миллион сомонӣ, вилояти Суғд – 1,2 миллион сомонӣ ва шаҳри Душанбе – 18,5 миллион сомонӣ зиёд шудааст.                        Тазаккур додан бамаврид аст, ки дар давоми соли 2009 мақомоти андоз барои андешидани чораҳои маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозҳо дар 1372 маврид ба маблағи 412 миллион сомонӣ ба судҳо мавод пешниҳод намуда, дар натиҷа аз ҷониби судҳо дар 1015 маврид ба маблағи 368,6 миллион сомонӣ ҳалномаҳои судӣ бароварда шуд. Маблағи аз ҳисоби ҳабси амвол ва боздошти амалиёти суратҳисоби андозсупорандагон ба буҷет воридгардида 49,1 миллион сомониро ташкил дод.  

Январь 26, 2010 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид