ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ НБО «РОҒУН» ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Январь 11, 2010 16:56

                    Хуҷанд, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Кормандони муассисаҳои молиявии вилояти Суғд муроҷиатномаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи тезонидани суръати сохтмони НБО «Роғун» ва харидани саҳмияҳои он ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Ба қавли сардори раёсати умумии молиявии вилоят Анвар Мирзоев, кормандони муассисаҳои молиявии вилоят то 11 январ саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро ба маблағи қариб 300 ҳазор сомонӣ хариданд.                    «Тоҷикистон мамлакати офтобрӯя аст. Ба сокинони мамлакат илова бар ин гармӣ ва равшании хонадони онҳо зарур мебошад, нерӯгоҳи барқи обии Роғун хонаҳои моро гарму равшан хоҳад кард. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ «тоҷиконро миллати тоҷдор» номида, хитоб мекунад, ки мо бояд проблемаҳои зиндагии худро бо қувваи худ ҳал карда тавонем. НБО «Роғун» сарвати миллии мардуми мамлакат мебошад. Мо ҳатман дар сохтмони ин иншооти азим саҳми арзандаи худро мегузорем», — гуфт А.Мирзоев.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки то имрӯз дар вилояти Суғд ба маблағи 64 миллиону 379, 7 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» фурӯхта шудааст.

Январь 11, 2010 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид