ИФТИТОҲИ БАРНОМАИ «АУТРИЧ ДАР ҲИФЗИ САЛОМАТӢ»

Январь 27, 2010 14:47

                  Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 26 январ Сафири ИМА Кен Гросс ва муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азамҷон Мирзоев ба барномаи «Аутрич (барномаи кӯмак диҳанда) дар ҳифзи саломатӣ», ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ ( USAID ) маблағгузорӣ мешавад, ифтитоҳ бахшиданд.                     Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурстии ҶТ хабар доданд, маросими ифтитоҳи барнома доиршавии мизи мудаввар бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайри ҳукуматӣ, аз ҷумла созмонҳои маблағгузорро дар бар гирифт.                      Дар доираи барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» ба гурӯҳҳои осебпазире, ки зери хавфи баланди сироятёбӣ қарор доранд, кӯмаки техникӣ ва хизматрасонии бевоситаи иҷтимоӣ расонида мешавад. Дар доираи он инчунин бо мақсади дастрасии бештари хизматрасонии сифатноки оиди пешгирӣ ва табобати вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) ва бемории сил омӯзиш гузаронида мешавад.  Барнома дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва вилояти Суғд амалӣ мешавад. Дар асоси таҷлили натиҷаҳои фаъолият ва таҷрибаи чандинсолаи Ҳамкорон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки бо гурӯҳҳои осебпазир сарукор доранд, барнома усулҳои самароноктарини густариши тадбирҳои минтақавии табобати ВНМО ва бемории силро дар якҷоягӣ истифода мебарад.                      Суръати паҳншавии ВНМО дар минтақа боиси нигаронии ҷиддӣ аст. Тибқи маълумотҳои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ охири соли 2009 дар Тоҷикистон теъдоди сироятшудагони расман ба қайд гирифташудаи ВНМО 1853 нафарро ташкил додааст, ки 431 нафари онҳо соли 2009 ба қайд гирифта шуданд.                         Барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохила ва сохторҳои маҳаллӣ созмонҳои ғайриҳукуматиро ҷиҳати фарогирии бештари гурӯҳҳои осебпазир бо як қатор хизматрасониҳои хайрхоҳонаи пешгирӣ, ташхис ва табобати ВНМО ва бемории сил дастгирӣ менамояд.  

Январь 27, 2010 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад