КӮМАКИ ГУМРУКЧИЁН БА МАКТАББАЧАГОНИ НОҲИЯИ АЙНӢ
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). -Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби таҳсилоти умумии 20 — ноҳияи Айнӣ ба номи Мавлон Олимов ду адад компютер ҳадя намуд. Хадамоти гумруки кишвар мактаби мазкурро зери сарпарастӣ гирифтааст, зеро он ба номи собиқ муовини раиси хадамот, генерал — майори хадамоти гумрук марҳум Мавлон Олимов номгузорӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки қаблан низ аз ҷониби хадамоти гумрук ба мактаби таҳсилоти умумии рақами 20 кӯмак расонида мешуд. Ҳадаф аз чунин дастгириҳои техникӣ мукаммал намудани пойгоҳи моддӣ — таълимии мактаб ва тавассути муҳайё намудани воситаҳои аёнии зарур , инчунин дастгоҳҳои омӯзишии компютер баланд бардоштани сифати таълими шогирдони мактаб мебошад. Аҳли кормандони мактаб барои чунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва ғамхориву мададрасонӣ ба роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипоси бепоён менамоянд ва умедворанд, ки он пайваставу давомдор хоҳад буд. Бояд гуфт, ки чунин ғамхорӣ нисбати соҳаи маориф ба сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар созгор буда, саҳмгузории намоён дар роҳи тарбия ва ба камол расонидани соҳибони фардои ҷомеа — ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






