ОҒОЗИ КОРИ КОРХОНАИ ҚУМУ ШАҒАЛ

Январь 27, 2010 15:58

                   Шаҳраки Сомониён, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ боз як корхонаи барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим ба кор оғоз кард. Ин корхонаи ҶДММ «ЛМ» мебошад, ки барои истеҳсоли қуму шағал махсус гардонида шудааст. Фонди оинномавии корхона 2600 сомонӣ мебошад.                    Корхонаи мазкур бо дастгирии молиявии соҳибкор Фарҳод Ҳамдамов ва бародарони ӯ сохта шуда, муассиси корхона Латипов Манучеҳр мебошад.                     Корхона бо маблағи 103 миллиону 2000 сомонӣ таҷҳизотҳои техникии барои корхона заруриро харидорӣ кардааст. Роҳбарияти корхона мақсад доранд, ки дар оянда коргоҳҳои асфалтбарорӣ ва бетон, истеҳсоли плитаҳои бетонӣ ва истеҳсоли хишти бетониро ба роҳ монад. ҶДММ «ЛМ» алҳол 4 намуди қуми шустағи, 2 намуд қуми аз санг тайёршуда, 3 намуд шағали калон, 4 намуд шағали хурд истеҳсол менамояд. Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи мазкур имкон дод, ки 60 нафар ба ҷои кори доими таъмин бошанд.                    Тавре Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки ба муносибати ба фаъолият оғоз кардани корхонаи мазкур зикр кард, соли гузашта низ зиёда аз 100 иншооти хурду бузург дар ҳудуди ноҳия сохта ба истифода дода шуда буд. 

Январь 27, 2010 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар