ОМӮЗИШИ 113 ЛОИҲАИ ИНВЕСТИТСИОНӢ

Январь 26, 2010 09:54

                 Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори муассисаи давлатии Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Усмон Сабзов, ба маркази мазкур 113 зерлоиҳаи инвеститсионӣ ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби мутахассисон мавриди омӯзиш қарор доранд. Алҳол ба Марказ аз шаҳрҳои Ваҳдат 28 зерлоиҳа, Роғун – 13, ноҳияҳои Рӯдакӣ — 35, Файзобод -25 ва ноҳияи Варзоб – 12 зерлоиҳа ворид шудааст.                   Самтҳои асосии лоиҳаҳои воридшуда, ба барқарору коршоямгардонии каналҳои обтаъминкунии байнихоҷагиҳо, таъмиру таҷдиди иншоотҳои гидротехникӣ, сохтмони системаҳои оби нӯшокӣ, ба эътидол овардани роҳҳои автомобилгарди деҳот, барқарор намудани пулу кӯпрукҳои корношоями деҳот, сохтмони пулҳои нав, бунёди боғот ва ба ташкили фермаҳои хурди чорводорӣ равона карда шудааанд.  

Январь 26, 2010 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид