ПАЁМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ БЕЛАРУС

Январь 21, 2010 17:51

                   Душанбе, 21 январ.( АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров)-Аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус ба АМИТ « Ховар» аз номи тоҷикони муқимӣ ва донишҷӯёне, ки дар Беларус зиндагонӣ ва таҳсил мекунанд хабар расид, ки дар он омадааст: «Мо азоёни ҷамъияти тоҷикони Беларус аз пешниҳоду таклифҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вусъат додани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, харидории саҳмияҳои нерӯгоҳ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дастгирӣ намуда ва бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ ба мардуми нексиришти Тоҷикистон, ба Президента кишвар, ваъда медиҳем, ки ҷамъияти мо, чун ҷузъи ҷудонопазир ва решапайванди Ватани аҷдодӣ ҳеҷ гоҳ бори гарони масъулиятро аз сару бар, қалбу ҳастии хеш дур намесозад.                      Инчунин мо, намояндагони ҷамъияти тоҷикони Беларус халқи шарифи Тоҷикистон ва махсусан Президенти кишварро бовар мекунонем, ки ҳадафи асосии мо, пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба густариши муносибатҳои байни сарзамини аҷдодиамон — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ватани феълиамон — Ҷумҳурии Беларус мебошад. Баланд бардоштани обрӯ ва эътибори давлату миллати тоҷик, тараннуми фарҳанги воло, адабиёт ва санъати оламшумули мо дар миёни ҷомеаи кишвари иқомат: поянда доштани забон, дин, урфу одати миллӣ ва расму русуми аҷдодӣ миёни тоҷикони муқими Беларус кӯмак ва дифо аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мақсадҳои аввалиндараҷаи мост.Боиси сарфарозӣ ва ҳам афзоиши масъулияти давлатдорию ватандории мо аст, ки ҳамаи тоҷикону тоҷикистониёни ҷаҳон ва аксари форсизабонони олам маҳз давлати Тоҷикистонро хонаи ӯ ормонҳои ширини худ ва Эмомалӣ Раҳмонро эҳёгари анъанаҳои шӯҳратманди ниёгони номдорамон мешуморанд».                         Ҳамеша бо Ватан будем ва бо Ватан хоҳем буд!

Январь 21, 2010 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад