СИЁСАТИ ЭКОЛОГИИ ҶТ ДАР САТҲИ ГЛОБАЛӢ

Январь 18, 2010 14:36

                  Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ доир гардид, раиси кумитаи мазкур Хурсандмурод Зикиров иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати экологии худро дар сатҳи глобалӣ пеш мебарад. Далели чунин сиёсат баромад ва пешниҳодҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳрҳои Женева, Копенгаген ва пешниҳодҳо оид ба ҷамбасти панҷсолаи аввали 10 – солагии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва бо ин мақсад моҳи июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе доир гардидани конфронси байналмилалӣ маҳсуб меёбад.                   Кумита фаъолияти пешбурди сиёсати экологиро дар сатҳи глобалӣ такмил дода, муносибатҳояшро бо ташкилотҳои сиёсӣ ва экологии байналмилалӣ вусъати тоза мебахшад.                    — Кумита Барномаи давлатии экологии ҶТ барои солҳои 2009 – 2019 ва нақша — чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии экологиро таҳия намуд, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ қабул гардиданд, — иброз дошт раиси кумита ба хабарнигорон.  

Январь 18, 2010 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад