СОЗИШНОМПАИ CASA -1000 ДАР МАРКАЗИ ТАВАВҶҶӮҲИ ВАКИЛОН
Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъала дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA- 1000 ва ояндаи тараққиёти бозори барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ 11 январ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки Созишномаи мазкур барои барқарории ҳалқаи интиқоли барқ байни кишварҳои минтақа муҳим буда, ҷиҳати таъмини ин кишварҳо бо нерӯи барқ мусоидат менамояд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз кишварҳои дорои манобеи бузурги обию энергетикӣ мебошанд, дар асоси муқаррароти ин Созишнома имкон пайдо мекунанд, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқро дар ҷумҳуриҳои худ афзоиш диҳанд. Аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар зимни арзёбӣ кардани аҳамияти ин санад зикр карданд, ки Тоҷикистон дар оянда ба яке аз кишварҳои бузурги истеҳсолкунандаи нерӯи барқ дар минтақа ва ҷаҳон табдид хоҳад гардид, ки он заминаи мусоидро барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар фароҳам меорад. Аъзои Шӯро ҳамзамон, масъалаҳои дигари вобаста ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагонро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






