ТАҶДИДИ ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-БӮСТОН ТО НИМАИ АВВАЛИ СОЛ АНҶОМ МЕЁБАД

Январь 19, 2010 14:11

                   Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Маблағи умумии лоиҳаи «Роҳи нақлиётгарди Душанбе-Бӯстон» 295.9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 281.1 млн. доллар қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Чин ва 14.8 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 19 январ, роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чанак» Рустам Абдуллоев иттилоъ дод.                    Ӯ афзуд, ки то имрӯз 281,52 млн. доллари ИМА пардохт карда шудааст. Таҷдиди иншоот ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи марҳилаҳо яквақт пеш бурда мешаванд. Аз ҷумла, марҳилаи якум — таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бӯстон бо дарозии 335,4 км., сохтмони кӯпрукҳои хурд, миёна ва калон 39 адад бо дарозии 1777 метр, васл ва хобонидани қубурҳои обгузари зери роҳ 352 адад бо дарозии 5974 метр, деворҳои ҳимоявии роҳ 13100 метр, ҷӯйборҳои шафати роҳ бо дарозии 215,2 км. бо арзиши умумии 169,5 млн. доллари ИМА амалӣ шуд.                     Марҳилаи дуюм — сохтмони нақбҳои автомобилгард (5253 метр) ва ҳаводиҳанда (5305 метр) ва хатти интиқоли барқ, дар ағбаи Шаҳристон бо арзиши 84,3 млн. долл. ИМА ва нақби автомобилгард (897 метр) дар мавзеи Майхӯра бо арзиши 12,1 млн. долл. ИМА, бо арзиши 96,4 млн. долл. ИМА то моҳи июли соли ҷорӣ татбиқ карда мешавад. Марҳилаи сеюм — сохтмони долонҳои зидди тарма (галерея) ба дарозии 3590 метр бо арзиши умумии 30 млн. долл. ИМА то ¬моҳи июли соли 2010 анҷом хоҳад ёфт. 

Январь 19, 2010 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад