БА 8 ҲАЗОР МӮХТОҶОН КӮМАК РАСОНИДА ШУД

Февраль 22, 2010 07:57

Ваҳдат, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Тавре муовини раиси шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо ташаббуси раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин дар давоми соли 2009 ба пирони кор, иштирокдорони ҶБВ, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида шуд. Ҳамчунин аз ҷониби ташкилоту идораҳо, ҷамоату деҳотҳо, хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида ба суратҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон 15656 сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Мувофиқи суханони Р.Раҳматзода ҳар моҳ аз 400 то 1000 нафар, дар маҷмӯъ ба 8 ҳазор шахсони камбизоату мӯҳтоҷ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳр кӯмаки моддию маънавӣ расонида шудааст.    

Февраль 22, 2010 07:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид