БА ТОҶИКИСТОН ЧӢ ҚАДАР КӮМАК РАСИДААСТ?

Февраль 2, 2010 10:51

Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дар соли 2009 ба Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 6 миллион доллар кӯмаки башардӯстона  расидааст», гуфт зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» муовини директори Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев. Мавсуф афзуд, ки кӯмакҳои башардӯстона асосан аз маводи сохтмонӣ, хӯрока ва либос иборат буда, аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белорус, Туркия, Ҳиндустон,  Чехия, Словакия, Австрия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон фиристонида шудааст. Танҳо бар асари офати табиии дар ноҳияи Хуросон дар соли 2009 ба амаломада давлати ҳамсояи Ӯзбекистон 20 қатора маводи сохтмон ва хӯрока фиристонида буд. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Агентии давлатии захираҳои моддӣ дар соли 2008 вобаста ба заминларзаи дар Қирғизистон ба вуқӯъпайваста ба ин кишвари ҳамсоя ҳудуди 600 тонна бор кӯмаки башардӯстона расонид. Бояд зикр кард, ки Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ агентии навтаъсис буда, аз соли 2008 инҷониб фаъолият дорад. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентӣ дар давоми фаъолияти худ ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қумсангир, Панҷ ва Хуросон кӯмакҳои моддӣ расонидааст. Инчунин, бо мақсади паст гардонидани шиддатёбии болоравии нархи баъзе маҳсулот дар як қатор бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар молҳои мавриди ниёзро таъмин намудааст.

Февраль 2, 2010 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид