Р.АБДУЛАТИФОВ — ПРОФЕССОРИ ИФТИХОРИИ ДОНИШКАДАИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 24, 2010 10:10

Душанбе,  24  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Дирӯз   дар  Донишкадаи  давлатии  ҳунарҳои  зебои  ба  номи  Мирзо  Турсунзода  маросими  имзои  қарордодҳои  ҳамкории  Донишгоҳи  давлатии  санъат ва  ҳунари  Маскав  бо  се  мактаби  олии  Тоҷикистон – Консерваторияи  миллии  ба  номи Т.Сатторов, Донишгоҳи  славянии  Тоҷикистону  Русия  ва  Донишкадаи давлатии  ҳунарҳои  зебои  ба  номи М.Турсунзода  баргузор  гардид.  Қарордоди  ҳамкорирро ректори  Донишгоҳи  давлатии   санъат  ва  ҳунари  Маскав  Рамазон  Абдулатифов  ва  роҳбарони   мактабҳои олии  зикршуда Раҷабмад  Амиров,  Муҳаммадюсуф  Имомов  ва  Аслиддин  Низомов  имзо  карданд. Дар  маросими  имзои  карордод  вазири  фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Мирзошоҳрух  Асрорӣ ва   намояндагони  сафоратхонаи  Русия  дар  Тоҷикистон  ҳузур  доштанд. Қарордодҳои  ҳамкорӣ бо назардошти саъю  кӯшиши  мутоқабалаи  халқҳои  Русия  ва  Тоҷикистон  дар  бобати   ривоҷ  додани  муносибатҳои  дӯстона, боварию  эътимод   ва  ҳамкорӣ  имзо  карда  шуданд. Рамазон  Абдулатифов  зикр  намуд, ки  Донишгоҳи давлатии  санъат  ва  ҳунари  Маскав   мактаби  асосӣ ва  калонтарини  олии Вазорати  фарҳанги  Русия буда,  дар  он  12  ҳазор  донишҷӯ  аз  35  давлати  ҷаҳон таҳсил карда,  43  ихтисосро  меомӯзад. Донишгоҳ  дар  саросари  Русия  8  филиал  дорад,  дар  онҳо  1600  нафар  кор  мекунад. Донишгоҳи давлатии санъат  ва  ҳунари  Маскав  имсол  80 —  солагии  худро  ҷашн  мегирад. Донишгоҳи  мазкур  дар  заминаи  Донишкадаи  кормандони  китобхона  таъсис  ёфтааст, ки  дар  вақташ ба  он   Надежда  Крупская  роҳбарӣ  мекард. Р.Абдулатифов   зикр  намуд, ки  Тоҷикистон  маркази  бузурги   фарҳанги  ҷаҳонӣ   ба  шумор  меравад.  Бинобар  ин   мо  мехоҳем  бо  ин  мамлакат  ҳамаҷониба  ҳамкорӣ  кунем.  Қарордодҳои  имзошуда  ба  мо  имкон  медиҳанд, ки  олимону  аспирантҳо  ва  донишҷӯёнро  ба  мамлакатҳои  ҳамдигар  фиристода,   ба  онҳо  дар  бобати такмили  маҳораташон  кӯмак  расонем. Мо  дар  оянда  симпозиумҳо,  семинарҳо,  конфронсҳо ва  машғулиятҳои  якҷоя  гузаронида,  ҳунару  дониши  донишҷӯёнро  вусъат  хоҳем  бахшид. Умед  аст, ки  ҳамаи  қарордодҳои  имзошуда бо  саъю  кӯшиши  дуҷониба дар  амал  татбиқ  карда  мешаванд,   гуфт  Р.Абдулатифов. Вазири  фарҳанг  ва  роҳбарони  мактабҳои олии  Тоҷикистон  ба  Р. Абдулатифов  ва  роҳбарияти  мамлакати  ӯ   барои   дастгирии  Тоҷикистон  дар  соҳаҳои  маорифу  фарҳанг  ва  ҳунар  изҳори  сипос  намуданд.  Зикр  шуд, ки  айни  ҳол  45  донишҷӯи  тоҷик  дар  мактабҳои олии  санъат  ва  ҳунари  Русия  таҳсил  мекунанд. Дар  маросими  имзои  қарордодҳои  ҳамкорӣ ба Рамазон  Абдулатифов  унвони профессори  ифтихории  Донишкадаи  ҳунарҳои  зебои ба  номи  М.Турсунзода дода шуд.

Февраль 24, 2010 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид