ГЕРОИН ДАР ДУНБА

Март 29, 2010 12:14

Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони Хадамоти гумруки ҶТ дар боздошти садҳо кило маводи мухаддир саҳм доранд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии хадамоти мазкур, 18 – уми марти соли ҷорӣ дар минтақаи  роҳи оҳани ноҳияи Турсунзода аз қатораи мусофирбари самти «Душанбе — Москва» аз зарфи пластики ғунҷоишаш 20 литр, ки ба шаҳрванд Лутфулло Мирахмедов тааллуқ дошта, гӯё аз Душанбе ба Федератсияи Русия барои тайёр кардани оши палав равғани дунба мебурдааст, 13 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Акнун ба саволи кормандони тафтишот Лутфулло Мирмухамедов худ ҷавоб мегӯяд, ки ӯ равғани дунбаи героиндорро барои оши палави кӣ бурданӣ буд.

Март 29, 2010 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд