КИШТИ ЧИГИТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Март 26, 2010 14:54

Хуҷанд,  26  март. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Деҳқонони   кооперативи  истеҳсолии  ба  номи  Юлдошбош Мақсудови   ассосиатсияи  хоҷагиҳои  деҳқонии  «Тоҷикистон» дар  вилояти  Суғд  аввалин  шуда,  24  март   ба  кишти  чигит  шурӯъ намуданд.  Дар  маросими  оғози  кишти  чигит  дар  хоҷагии  мазкур  раиси  вилоят  Қоҳир  Расулзода  иштирок  дошт. Сардори раёсати умумии кишоварзии вилоят Бобоҷон Домуллоев  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  имсол  дар  вилоят  барои  кишти  чигит  58  ҳазор  гектар  замин  ҷудо  карда шуд.  Деҳқонони  вилоят  имсол  чигити  навъҳои  «С- 65», «Ирам- 1», «Исфисор – 2», «Рухшон»  ва  ғайраро  кишт  мекунанд. Бояд  гуфт, ки  шудгори тирамоҳии   замин дар  вилоят  сари  вақт  анҷом  дода шуд.  Ҳоло  956 тухмипошак  ба  кор пурра тайёр  карда шудааст. Б.Домуллоев   зикр  намуд, ки то  имрӯз  на  ҳамаи  хоҷагиҳои  пахтакор  қарзҳои  аз бонкҳо  ва  сармоягузорон  гирифтаашонро баргардондаанд. Зеро  то  имрӯз  як  қисми  ҳосили  соли  гузашта ҷамъовардашуда  ба  фурӯш  нарафтааст. Б.Домуллоев  таъкид  намуд, ки   хоҷагиҳо  бояд  барои ба даст  овардани ҳосили  дилхоҳ   замин  ва  қарзҳои  гирифтаашонро  мувофиқи мақсад  ва оқилона  истифода баранд.  Ҳодисаҳое  мушоҳида  мешаванд, ки  баъзе  хоҷагиҳо   қарзҳояшонро  баргардонда  натавониста,  биноҳо,  техника ва  моликияти  дигарро  ба  фурӯш  мегузоранд. Мудири  филиали  шӯъбаи  «Агронинвестбонк»  дар  Хуҷанд  Аҳрорхон  Аҳроров  изҳор  намуд, ки  дар  мавриди   баргардонида нашудани  қарзи  хоҷагиҳо  фурӯши  моликияти онҳоро  мақомоти  суд ба  зимма  мегиранд.   

Март 26, 2010 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид