КИШТИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ
Ваҳдат, 31 март.(АМИТ»Ховар» Зебо Давлатова). — Тавре, ки раиси ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат Нусратулло Назруллоев ба хабарнигори АМИТ»Ховар» гуфт, дар ҷамоати мазкур 16 ҳазору 32 нафар аҳолӣ зингдагӣ мекунанд.Шуғли дӯстдоштаи онҳо деҳқонӣ буда, айни замон 293 хоҷагии деҳқонии инфиродиро дар бар мегирад. Имсол хоҷагидорон дар майдони 146 гектар гандум,25 гектар картошка,14 гектар пиёз, 1 гектар қулфинай коштанд. Онҳо ният доранд,ки дар рӯзҳои наздик 55 гектар замин кӯчати помидор шинонанд. Сардори хоҷагии деҳқонии «Рауфҷон» Файзиддин Шамсов аз деҳаи Чорбоғ ҳар сол дар майдони 5 гектар замин маҳсулотҳои кишоварзӣ мешинонад ва аз як замин ду ҳосил ба даст меорад,ки ин баҳри арзону ғанӣ гардидани маҳсулотҳои кишоварзӣ дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат мусоидат мекунад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






