М.ҲИММАТЗОДА ВАФОТ КАРД

Март 17, 2010 12:42

Душанбе,  17 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Субҳи  16  март  яке  аз  бунёдгузорони  Ҳизби  наҳзати  исломии  Тоҷикистон,  раиси  собиқи ҲНИТ  Муҳаммадшариф  Ҳимматзода (Ҳимматов)  дар шаҳри  Душанбе  дар  сини 59 солагӣ  баъди  бемории тӯлонӣ  вафот  кард. М.Ҳимматзода  соли  1951  дар  ноҳияи  Орҷоникидзеобод  таваллуд  шгудааст. Соли  1992  баъди  хатми  мактаби  миёна аввал дар  вазифаи  механики  корхона  ва баъд  механики  бунгоҳи  насосҳои  обкашии   шаҳри  Душанбе  кор  кардааст.  Соли  1990  ба  шӯъбаи  ҷумҳуриявии   ҲНИТ  роҳбарӣ  мекард, ки  баъдан  моҳи  октябри соли  1991  ба  созмони  мустақил  табдил  ёфт. М.Ҳимматзода  яке  аз  таҳиягарони фаъоли  Созишномаи  мусолиҳа  дар байни  мақомоти  расмии  Тоҷикистон  ва  Иттиҳоди  мухолифини  тоҷик  буд. Ӯ  ду  маротиба,  солҳои  2000 ва  2005  аъзои  Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Тоҷикистон  интихоб  шудааст. М.Ҳимматзода  соли  2006 баъди  вафоти  асосгузори  Ҳизби  наҳзати  исломӣ  Саид  Абдулло Нурӣ  дар  анҷумани  ғайринавбатии  ҳизбӣ роҳбари  маънавии  ҳизб   интихоб  гардид. Мавсуф  бо ордени «Дӯстӣ»  мукофотонида шудааст.  

Март 17, 2010 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд